РӮДИ ГАНГ
Дар шаби тор оби рӯди Ганг
Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.
Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли шамшерҳои занголуд.
На ба рӯи касе нигаҳ созад,
На зи кас рӯйро панаҳ созад.
Асрҳо дар замини Ҳиндустон
Гашта ҷорӣ хамӯшу гӯшгарон,
Меравад сӯи баҳр бо сари хам,
Гӯӣ дорад ба дӯш кӯҳи алам.
Гуфтам: эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
Сар ба саҳро ниҳодаӣ, чунӣ,
Ё ки дар ғам шарики Маҷнунӣ?
Нафасат аз чӣ гарму сӯзон аст,
Реги пеши дами ту бирён аст.
Ку насими баҳории чаманат,
Зинати боғу лолаю суманат?
Ку чаманзори сабзпӯши ту,
Савти мурғони пурхурӯши ту?
Ё нуҳуфтӣ даруни сина магар
Орзуро чу донаҳои гуҳар?
Ё шарикӣ ба дарди ҳамватанон,
Мехӯрӣ ғам барои Ҳиндустон?
Рози дилро ниҳон макун аз ман,
Аз барои савоб, о ба сухан!
Омадам ман ба назди ту меҳмон
Аз шукуфта диёри тоҷикон.
Ту равонӣ ба ҳар дари хона,
Бар дари ошною бегона.
Ба ҳавои ту сабзаи намнок
Дар лаби ҷӯй сар кашад аз хок.
Ба ҳавои ту чашмаҳои соф
Синаи кӯҳро кунанд шикоф.
Дар ҳавои ту абр гирён аст,
Дашти беоб синабирён аст.
Ба гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ,
Ту на аз чашмаҳои куҳсорӣ,