Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҚИССАИ ҲИНДУСТОН

Аз аҳолии Ҳиндустон 60.000.000 нафар ба кастаи «нафратзадагон» тааллуқ доранд. Маро рӯзе ҳикоят кард бобо, Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро: «Замоне буд берун аз Самарқанд Ба чашми кас намоён кулбае чанд. Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд, Махавҳоро ҷудоӣ як макон буд. Намеафтод онҳоро гузоре На аз ёре, на аз хешу таборе. Намедиданд рӯзу рӯшноӣ Ба дунё ғайри хорию гадоӣ. Махав мегашт рӯзе гар намоён, Аз ӯ пиру ҷавон мешуд гурезон. Ҳамеша аз халоиқ дур мегашт, Ба мисли зиндаи дар гӯр мегашт. Агар ӯро касе медид дар роҳ, Рафиқи хешро мекард огоҳ, Ки: «Эй ҷӯра, ба атрофат назар кун, Махав омад, махав омад, ҳазар кун». Махав коса гаҳе дар дасти мискин, Хабар медод бо овози ғамгин. Ки: «Эй озодакас, бигрез аз мо, Нарас ҳаргиз, нарас ҳаргиз махавро!» Ту дигар дар Самарқанд ин чунин кас Набинию нахоҳӣ дид аз ин пас. Кунун ман худ бигӯям баччагонро Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро, Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне Ман аз ин кишвари чун бӯстоне. Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой Замини сабзи зебое саропой. Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд, Валекин мардумони он гадоянд. Нагӯям ман дар ин як шеъри кӯтоҳ Зи ҳар чизе ки мо гаштем огоҳ. Нагӯям ман на аз ҷодугаронаш, На аз чашмони тарсодухтаронаш,