Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР ОРЗУИ ОШЁН

Ба умри худ магар дидӣ касеро, Ки аз рӯи замин безор бошад, Ба фикри осмони беғубору Қадамнорас сари куҳсор бошад. Кунад парвоз монанди уқобон, Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад нишинад. Дигар ҷавру ҷафои золимонро Ба дӯши худ на бардорад, на бинад. На дигар бинаду сӯзад ба доғи Замини зерипогардидаи худ; Дили хунину пурдоғи фақирон, Тани бо дарду ғам печидаи худ. Сафар кардам ба Ҳиндустону дидам Басе ин гуна мискин одамонро, Ба гӯши хеш дар ҳар ҷо шунидам Суруди орзу, умедашонро: «Чаро дар кишвари худ ошёне Ҳама парандагон доранду мо не? Уқобон дар фазои кӯҳсорон Барои худ ҷаҳон доранду мо не?» Чу ояд шаб, намедонанд онҳо Сари худро куҷо монанду хобанд, Ба зери сар дар он шабҳои торик Чӣ сон хишту кулӯхеро гузоранд. Дарахти сершоху барги манго Тамоми рӯзу шабҳо соябон аст, Ба болои сари онҳо чу симурғ Пари худро кушода посбон аст. Ҳама деҳқону фарзанди заминанд, Валекин дар замин ҷое надоранд, Барои зистан дар рӯи дунё Тамоми умр маъвое надоранд. Ба шаҳр оянд агар, дар ҳеҷ шаҳре, Ба рӯи худ дари бозе набинанд; Ба ғайр аз толеи пасту сари сахт Дигар ёрею дамсозе набинанд. Замин сахту баланд аст осмон ҳам, Тамоми шаб ситора мешуморанд;