САҲАРГОҲОН
Бишнав овози маро, мурғи саҳар,
То ки аз рози дилам ёбӣ хабар,
То ки ҳамовоз гардӣ субҳдам
Бо суруди мардуми соҳибқалам.
Гар ту мехоҳӣ, ки андозӣ назар
Дилкушо рӯи Ватанро хубтар,
Ҳар саҳар болу паратро боз кун,
Бо суруди шоирон парвоз кун!
Ин диёри пурсафои пурхурӯш
Субҳдам мову туро орад ба ҷӯш.
Субҳдам боғу чаман зеботаранд,
Кӯҳҳо байроқи заррин бар саранд.
Субҳдам чун офтоб ояд бурун,
Ҳусни зебои Ватан гардад фузун.
Субҳдам аз ҳар тараф форам насим
Мевазад шӯхона дар мулки азим.
Мамлакат озода мегирад нафас
Аз насими тоза бо ишқу ҳавас.
Дар саҳаргоҳони ҳикматноки мо
Муждаҳои тоза орад хоки мо.
Боби навро во кунад ҳар як саҳар
Дар китоби бахту иқболу зафар.
Меҳнати халқ аз сари субҳи баланд
Зиндагониро намояд дилписанд.
Эй қалам, гар ту силоҳи шоирӣ,
Гар ба эҷоди сухан ту қодирӣ –
Аз ҳаёти мамлакат ғофил намон,
Дар миёни халқ беҳосил намон!
Кори ҳар якрӯзаро идрок кун,
Хизмати аъло ба хоки пок кун!
То ту фатҳеро ба фатҳе зам кунӣ,
Норасоии Ватанро кам кунӣ.
То ба ёронат ту ҳам ёрӣ диҳӣ,
Дар биное аз сухан хиште ниҳӣ.
То ту аз кон сангангиште канӣ,
Пораи маъдан ба деге афканӣ.
То ба саҳро ё ба боғи дилнишин
Донае рӯяд зи саъят аз замин –