Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2513

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1651

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1394

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1353

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1038

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1022

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 986

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 806

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 786

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 751

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 698

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 691

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 675

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 662

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 647

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 644

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 611

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 597

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 592

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 573

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 557

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 543

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шони муаллим

👁 540

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Худо гар парда бардорад

👁 535

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Найнома

👁 531

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Ғелон Баромад Офтоб

👁 10

Ғелон баромад офтоб Болои боғи рӯи шах, Чобук хӯрад бар пеш тоб Чун чарх аз паҳлӯи шах.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Баҳор Кӯч Баст

👁 11

Бо ханда бигзашт офтоб Аз теғи кӯҳи нуқ ратоб. Бар кӯйи бераҳ раҳ кушод, Гармӣ ба оби сард дод.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Нотарс Чӣ Сон Шавад Ӯ?

👁 7

Аз навда ба навда дав-дав ояд, Парво накунад зи роҳи нобоб, Тарсанда ки ҳеҷ нест, санҷоб Дар шохи дарахт меравад хоб.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Меғ

👁 11

Аз хобу хобу хобу хоб Дилгир шуд бисёр меғ, Чун баст чашми офтоб, Пӯшид чун рӯйи ситеғ.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Чинор

👁 7

Дар паҳлӯи роҳи гузар, Дар рӯйи оби чашмасор, Бо дасти худ фасли баҳор Рӯзе нишонидам чинор.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Чиро Чӣ Зинат Диҳад?

👁 10

Ҳар чӣ зинате дорад, Қадру қ имате дорад. Гул зинати гулзор аст, Зинати ёбон хор аст.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Сабзи Сабз

👁 9

Сабза саҳар сар кашид, Сар аз хоки тар кашид. Дид осмон сабзи сабз, Оби равон сабзи сабз,

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҳаст? Нест!

👁 11

Роҳи дарози хонаро Ору намегирад хато. Бар лонааш бе иштибоҳ Лаклак бипӯяд рост роҳ.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Обмон

👁 5

Сар лучу пову даст луч, Беле ба каф дорад гузар, Дар зери пояш хоки гарм, Ташти зар андар тори сар.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Холаи Гулрез

👁 7

Раҳ мегузорад дастгоҳ Пешу қ афо, Пешу қ афо, Резад паёпай рӯйи роҳ

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Тоҷик Астам

👁 14

Тоҷик астам, Тоҷик астам, Рези санги кӯҳсорам, Бо замини камзаминам

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Хурсандӣ

👁 15

Сабҳи сафо бар рӯйи мо Рӯ тарзи дигар боз кард, Монанди нуре сӯйи мо Мурғи фараҳ парвоз кард.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Вақти Саҳар

👁 5

Вақте чӣ хуб асту сара Вақти саҳар, Ғарқи сафоясту фараҳ Вақти саҳар.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ку, Бигӯ?

👁 11

Аз роҳи танг, Аз мағзи санг, Пеш ояд об, Монад қ афо роҳи азоб.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ба Гуфтан Мушкил

👁 16

Аз домани ҳар рӯзи мо Сар барзанад сад неку бад. Аз хашми абри жолабор Дар зови беобе дамад

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бе Болу Пар Пар Мезанам

👁 10

Дар ҷойи худ биншастаам, Аммо равон ҳастам, равон, Бе болу пар пар мезанам Байни замину осмон.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Аз Сидқи Дил

👁 13

Тарсу наям, аз тарси ҷон Дар дил маро набвад нишон, Бовар надорӣ гар, бикун Ҳар вақт хоҳӣ имтиҳон.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Рӯбоҳ Ва Лаклак

👁 7

Дармонд устухоне Андар гулӯи рӯбоҳ, Бар назди Лаклак омад Рӯбоҳаки мададхоҳ.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бори Гарон

👁 5

Оҳиста хар по мениҳад, Дониста хар по мениҳад. Шеб ояд аз роҳи фароз, Аз пайраҳи дуру дароз.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Кӣ Хастатар Мешавад?

👁 7

Миён маҳкам бубаста Побел мекунад Исо, Рӯйи курсӣ нишаста Гап мефурӯшад Мӯсо.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Чаро?

👁 23

Танам дарде надорад, Дастаму поям баҷо, Мехоҳам, коре кунам, Наметавонам, чаро?

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Чӯҷаҳо

👁 9

Чӯҷабарак аз саҳар Чӯҷаҳоро мекобад, Ҳама ҷоро мекобад, Мекобад, намеёбад.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Алопар

👁 10

Алопари мо, Турми дари мо, Саги беҳтарин Дар гузари мо.

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҷайра

👁 6

Ҷайра аз шикор омад, Кораш бобарор омад, Себи сурхи хубонӣ Дар нӯгаки хор омад,

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Уштур Ба Раҳ Равон Шуд!

👁 12

Абр аз раҳи дур омад, Абре не, уштур омад, Уштури каҷовадор, Бораш ҳама борон буд,

Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб
Саҳифаи 150 аз 1000