Чаро?
Танам дарде надорад,
Дастаму поям баҷо,
Мехоҳам, коре кунам,
Наметавонам, чаро?
Ҳавлиро бояд рӯбам,
Шӯям фарши хонаро,
Аммо наметавонам,
Хушам наояд, чаро?
Оби равон мехоҳад
Полези пурбори мо,
Сӯяш оби равонро
Намегардонам, чаро?
Китобамро кушоям,
Ҳушам равад ҳар куҷо,
Ҳуши парешони ман
Ҷамъ наёяд, чаро?
Ғул-ғ ули бозӣ ояд
Бар гӯшам аз кӯчаҳо,
Дар ҷойи худ нишастан
Наметавонам, чаро?
