Чӯҷаҳо
Чӯҷабарак аз саҳар
Чӯҷаҳоро мекобад,
Ҳама ҷоро мекобад,
Мекобад, намеёбад.
Чӯҷаҳо ранги замин,
Чӯҷаҳо ранги обанд,
Зери буттаро бубин,
Чӯҷаҳо ҳама хобанд.
Аз себаргаву ҳулбӯ
Болини зебо доранд,
Аз наънову аз қ оқу
Қолӣ зери по доранд.
Чӯҷаҳо бетартиб не,
Ғавғо намебароранд,
Чӯҷаҳо бесоҳиб не,
Чӯҷаҳо соҳиб доранд.
Чӯҷаҳо оча доранд,
Чӯҷаҳо додо доранд,
Чӯҷаҳо апа доранд,
Чӯҷаҳо ако доранд.
Чӯҷабарак аз саҳар
Чӯҷаҳоро мекобад,
То бегаҳ кобад агар
Нишоне намеёбад.
