Чиро Чӣ Зинат Диҳад?
Ҳар чӣ зинате дорад,
Қадру қ имате дорад.
Гул зинати гулзор аст,
Зинати ёбон хор аст.
Мева зинати боғ аст,
Майса зинати роғ аст.
Тарма зинати дара,
Дара бо тарма сара.
Зинати кӯҳистон теғ,
Зинати баҳорон меғ,
Зинати ҷӯбор об аст…
Зинати кас одоб аст.
