Вақти Саҳар
Вақте чӣ хуб асту сара
Вақти саҳар,
Ғарқи сафоясту фараҳ
Вақти саҳар.
Вақти сафар ба раҳгузар -
Вақти саҳар,
Осон равад аз кӯҳу ҷар
Вақти саҳар.
Оғ ози кори коргар -
Вақти саҳар,
Бидҳад ба кор авҷи дигар
Вақти саҳар.
Вақти талоши хокпош -
Вақти саҳар,
Бор оварад дон аз талош
Вақти саҳар.
Сиришт - бунёд, асл, гавҳар, буня, бунён
Вақти шитоби подабон -
Вақти саҳар,
То дар тале гирад макон
Вақти саҳар.
Баҳри шакархоб аст боб
Вақти саҳар,
Хобӣ равад ширин ба хоб
Вақти саҳар.
Сар барзанам аз дасти хоб
Вақти саҳар,
Чашми ману сатри китоб
Вақти саҳар.
Суде кунад такрори ман
Вақти саҳар,
Табъи дили бедори ман -
Вақти саҳар.
