Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ку, Бигӯ?

Аз роҳи танг, Аз мағзи санг, Пеш ояд об, Монад қ афо роҳи азоб. Роҳи каме ин роҳ нест. Ку, ту бигӯ, Эй дӯстрӯ, К-ин ҷаҳди об аз баҳри чист? Дар рӯйи роҳ, Рӯ зад гиёҳ, Биштофта, Бишкофта Муми дурушти фаршро. Ку, ту бигӯ, Эй дӯстрӯ, Сар зад ба сахтиҳо чаро? Донӣ, чаро? Назди ман о, Гӯям ба ту, Эй дӯстрӯ, К-ин азми ҷазм аз баҳри чист: Ҷонам, барои зиндагист. Бар н-оварад нахли умед, Гар дар сириштат азм нест.

Китобҳои муаллиф