Обмон
Сар лучу пову даст луч,
Беле ба каф дорад гузар,
Дар зери пояш хоки гарм,
Ташти зар андар тори сар.
Аз санг бар санге сабук
Ҳамчун ғ изоле мепарад,
Ҷӯйи ба ҷӯ,
Боғи ба боғ,
Оби зулоле мебарад.
Хоре кашад аз доманаш,
Зарбе хӯрад пояш зи санг,
Аз неши хору сангкӯб
Ҳаргиз намеояд ба танг.
Хуншор гардад пойиӯ,
Марҳам кунад аз хоки роҳ,
Дармони дарди ҷони ӯст
Сардобаву хоки сиёҳ.
Ғам раҳ нагирад бар дилаш,
Бас хушдил асту хушдимоғ,
Об оварад аз пойи тал
Бо меҳр бар оғӯши боғ.
Дар ҷӯяҳо мӯйи ба мӯ
Қисмат шавад гар оби ҷӯ,
Чун ғ унчае гул мекунад,
Чун сабзае ёбад нумӯ.
Ғизол - оҳубарра
Гар буттаи лабташнаро
Аз ташнагӣ бидҳад раҳо,
Кам гардадаш озори даст,
Кам гардадаш озори по.
Гар сабзае гардад хазон?
Хеле азият мекашад,
Бо ҳар ниҳоле, гар хӯрад
Оби равон, қ ад мекашад.
Сар лучу пову даст луч,
Об орад аз бехи камар…
