Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон
Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон. Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест, Ҳамчу мурғе кар
Бубин имрӯз он бехонумон дилро, Ватан дорад
Бубин имрӯз он бехонумон дилро, Ватан дорад, Чунон зебо Ватан дорад, ки рашки сад чаман дорад. Зи қасди душманони худ наметарсад, чаро тарсад? Ватан аз санг боз
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам
и ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам. Ватанро, бинозам, маро дар канор Чу модар гирифту намуд бахтёр.
Офарин, сад офарин, эй номдорони ватан
Офарин, сад офарин, эй номдорони ватан, К-аз зафарҳои шумо гул кард даврони ватан. «Ба қаҳрамони қутб» Ҳон, душмани манфур! Бидон, ин ватани мост!
Ба ту, устоди номдори сухан
Ба ту, устоди номдори сухан, Шарафи шеъру эътибори сухан, Ба ту, эй қаҳрамони ишқу суруд, Дар сухан сарвари замонаи худ.
Эй бахт, аҷаб маро Ватан додӣ ту
Эй бахт, аҷаб маро Ватан додӣ ту, Гулҳои умедам ба чаман додӣ ту. Бовар бинамо, ба сад ҷаҳон нафрӯшам, Ишқе, ки Ватан, барои ман додӣ ту.
Корам зи даври чарх ба сомон намерасад
Корам зи даври чарх ба сомон намерасад, Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад, Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон, То обру намеравадам, нон намерасад.
Ғофил мабош банда, ки умрат дубора нест
Ғофил мабош банда, ки умрат дубора нест, Зикри Худо бикун, ки аз марг чора нест. Дар роҳи Ҳақ бикуш, ки фурсат ғанимат аст, Зеро, ки рузи марг ба кас ошкора нес
Бомдоде, ки тафовут накунад лайлу наҳор
Бомдоде, ки тафовут накунад лайлу наҳор, Хуш бувад домани саҳрову тамошои баҳор. Офаринаш ҳама танбеҳи Худованди дил аст, Дил надорад, он кӣ надорад ба Худованд
Ҳуш дор, ки марг тири сузон дорад
Ҳуш дор, ки марг тири сузон дорад, Кун тавба зи ҷурмҳо, ки зиндон дорад. Дунё чу арус агарчӣ хандад имруз, Фардо ба ситам ҳалоки дандон дорад.
Тамом гашту музайян шуд ин хуҷаста макон
Тамом гашту музайян шуд ин хуҷаста макон, Ба фазлу миннати Парвардигори оламиён. Ду чиз ҳосили умр аст: номи неку савоб, В-аз ин ду гар гузарӣ, куллу ман алайҳа
Касеро бад назар маяндеш
Касеро бад назар маяндеш, Шояд Худоро наздик ӯ бошад... Илоҳӣ, нагардонӣ насибам молу ганҷ, Ки дар маҳшар натвонам ҷавоб дод.
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ, Бар кас маписанд бародари ман. Гар модари хеш дӯст дорӣ, Дашном мадеҳ бар модари ман.
Зани хуби фармонбари порсо
Зани хуби фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат, Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.
Хушо касе, ки дар ин олами харобобод
Хушо касе, ки дар ин олами харобобод, Асоси зулм фиканду биноӣ дод ниҳод! Тавонгаре, ки дари хайр бар фақирон баст, Даре зи олами боло бар рӯйи он накушод.
Чу лаб баркушойӣ, сухан пухта гӯй!
Чу лаб баркушойӣ, сухан пухта гӯй, Чу нопухта гӯйӣ, шавад оби рӯй! Суханро бипарвар ба дил дар нахуст, Ба мизони ҳуш бар, ба дил кун дуруст!
На неконро бад афтодаст ҳаргиз
На неконро бад афтодаст ҳаргиз, На бадкирдорро фарҷоми некӯ. Бадон рафтанд некон ҳам намонданд,. Чӣ монад? Номи зишту номи некӯ!
Он кас, ки тавонгарат намеградонад
Он кас, ки тавонгарат намеградонад, Ӯ маслиҳати ту аз ту беҳтар донад.
Ин ду-серӯза навбати умр гузашт
Ин ду-серӯза навбати умр гузашт, Чун об ба ҷӯйбору чун бод ба дашт. Ҳаргиз ғами ду рӯз маро ёд нагашт, Рӯзе, ки наёмадасту, рӯзе, ки гузашт.
Эй боди сабо, бигзар з-он ҷо, ки ту медонӣ
Эй боди сабо, бигзар з-он ҷо, ки ту медонӣ, Аҳволи дилам баргӯ онҳо, ки ту медонӣ. Дар пардаи асрораш ҳар гаҳ ки шавам маҳрам, Сарбаста бигӯ аз мо онро, ки ту м
Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад
Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад, В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад. Ҳар кӣ хашми худ фурӯ хӯрд ай ҷавон, Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.
Ҳаё асл аст андар зоти инсон
Ҳаё асл аст андар зоти инсон, Ки дорад одамиро одамисон. Намуд Эзид ба меъроҷ ошкоро, Ҳаёву ақлу имон Мустафоро.
Ёд дорам зи пири донишманд
Ёд дорам зи пири донишманд, Ту ҳам аз ман ба ёд дор ин панд. Ҳар чӣ бар нафси хеш напсандӣ, Низ бар нафси дигаре мапсанд.
Эй забардасти зердастозор
Эй забардасти зердастозор, Гарм то кай бимонад ин бозор? Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ? Мурданат беҳ, ки мардум озорӣ!
Нафси саркаш мулки танро медиҳад охир ба бод
Нафси саркаш мулки танро медиҳад охир ба бод, Ҳокими золим диёри хеш вайрон мекунад.


