Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳабиб Юсуфӣ
Ҳабиб Юсуфӣ

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам

и ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам. Ватанро, бинозам, маро дар канор Чу модар гирифту намуд бахтёр. Ватан ҷони ман ҳам чаҳони ман аст, Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст. Ватан чун маро ин ҷаҳони нав аст, Дил аз роҳу фармони ӯ раҳрав аст. Дило, давраи мо аҷаб давраест, Ба таърихи олам чунин давра нест. Ҷаҳон даври Ковусу Кай дидааст, Валекин чунин давра кай дидааст, Ки чун бӯстон дилбару хуррам аст, Чу хуршед тобанда дар олам аст. Чу мо руй бар меҳнат овардаем, Дар оғӯши ин давра парвардаем. Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем. Агар хасми мо қасд бар мо кунад, Дари шӯришу фитнаро во кунад, Биҷангем чандон барои Ватан, Ки душман шавад зери пои Ватан. Чу мо рӯй бар корзор оварем. Сафи душманон тор-тор оварем.