Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳабиб Юсуфӣ
Ҳабиб Юсуфӣ

Офарин, сад офарин, эй номдорони ватан

Офарин, сад офарин, эй номдорони ватан, К-аз зафарҳои шумо гул кард даврони ватан. «Ба қаҳрамони қутб» Ҳон, душмани манфур! Бидон, ин ватани мост! Ин ҳастии мо, қуввату ҷон дар бадани мост! «Ба душмани ватан-ҷосусони Тротскичӣ» Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон. «Ба ватан» Бубин имрӯз он бехонумон дилро, ватан дорад Чунон зебо ватан дорад, ки рашки сад чаман дорад. «Ватани дил» Бошад Ватани мо чамани донишу ирфон, З-ӯ гашта муаттар чӣ? Димоғи маданийат. «Чароғи маданият» Бикаш даст аз домани ин ватан! В-агарна ҷудо гардӣ аз ҷону тан… «Туфу бар ту, эй гурги малъун, туфу!» Фақат ин ҷост хуррамӣ, шодӣ, Фақат ин ҷост шаъну озодӣ, Фақат ин ҷост зиндагӣ озод, Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод! «Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод!» Ҷудо шудам зи туву омадам ба кори Ватан, Зи як диёри Ватан бар дигар диёри Ватан… Ту дилбари ватанию ман аскари Ватанам, Ба бозуи ману ту қувваи мадори Ватан. «Мактуб аз Шарқи дур» Чу ишқи ёру муҳаббат ба кору меҳри ватан, Дигар матои гаронмоя нест дар бари дил. «Раҳбарии ҷонон» Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам, Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд. «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» Бо лашкари сурх аст Ватан зуру тавоно, Вай такягаҳу қувваи халқи Ватани мо. «Таронаи лашкари сурх» Чун шавад ҷанг-зидди ҷанг эълон