Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳабиб Юсуфӣ
Ҳабиб Юсуфӣ

Ба ту, устоди номдори сухан

Ба ту, устоди номдори сухан, Шарафи шеъру эътибори сухан, Ба ту, эй қаҳрамони ишқу суруд, Дар сухан сарвари замонаи худ. Аз фронти азими шаҳри он, Ки нишонаш ба синааш рахшон, Ба ту, пири каломи ҷанговар, Мерасонам саломи ҷанговар. Чанд вақтест, ки ба амри Ватан Тир ҷои қалам гирифта ман, Дар сафи лашкари далери сурх Мекунам хасми мулкро нобуд, Ҳамчунон ваъда карда будам худ. Дар чунин рӯзҳои пуркорӣ Ту, ба ман ёвару мададгорӣ. Шеъри ҷанговарат шиори ман аст, Зафарат теғи обдори ман аст. Аз ҳамин рӯ туро шуморам ман, Қаҳрамон, қаҳрамони ҷанги Ватан».