Бубин имрӯз он бехонумон дилро, Ватан дорад
Бубин имрӯз он бехонумон дилро, Ватан дорад,
Чунон зебо Ватан дорад, ки рашки сад чаман дорад.
Зи қасди душманони худ наметарсад, чаро тарсад?
Ватан аз санг бозу дорад, аз фӯлод тан дорад.
Зи ҷӯши ифтихораш даст бар хуршед андозад,
Ҳазор эҷоди нав дил дар замини илму фан дорад.
Ҷаҳони душманон яктан шавад ҳам, мо наметарсем,
Ватан дар сарҳади худ лашкари душманшикан дорад.
Ба хасми дил бигӯ, бар кишвари дил по, ки мемонад,
Барои лошаи мурдори худ оё кафан дорад?
Ман аз он дилпарастонам, ки фармонбар шудам дилро,
Дар оғӯшаш Ватан имрӯз милёнҳо чу ман дорад.