Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳаё асл аст андар зоти инсон

Ҳаё асл аст андар зоти инсон, Ки дорад одамиро одамисон. Намуд Эзид ба меъроҷ ошкоро, Ҳаёву ақлу имон Мустафоро. Чу бишнид ин хитоб аз Кирдигор ӯ, Аз ин се ақлро кард ихтиёр ӯ. Ишорат ёфт аз нури илоҳӣ, Аз ин се чиз бигзин он чӣ хоҳӣ. Бигуфт имон, ки бо ақлам гарав кун, Ҳаё гуфто бибошам кӯҳна нав кун. Чу хоҷа бозгашт, омад ба даргоҳ, Ҳаёву ақлу имонаш ба ҳамроҳ. Ҳаё пеш ор, агар имон-т бояд, Ки имон беҳаё кай рух намояд. Касе, к-аш ҳаст бо ақл ошноӣ, Куҷо тан дар диҳад дар беҳаёӣ. Ҳаё бояд, ки дорад одамизод, Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!