Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Беҳ ин коре, ки андар зиндагонист

Беҳ ин коре, ки андар зиндагонист, Накухоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош, Накухоҳу ба кас роҳатрасон бош. Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор! Ба корафтода коромуз мебош, Ба ҳар дилсухта дилсуз мебош. Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард, Ки ҳар кас, к-у ҷароҳат кард, бад кард. Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош, Ба сахтӣ чораи бечорагон бош. Бипӯй андар ҷавонӣ роҳи Яздон, Ҷавон беҳтар Худотарсу Худодон. Ба пирӣ хидмати модар, падар кун, Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун. Ки парвардаст модар дар канорат, Падар буд солҳо тимордорат. Мазан таъна бар эшон аз дили сер, Ки гар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир. Биҷу дилшон ба хулқу хубруӣ, Ки ин аст, эй бародар, некруӣ.