Хушо касе, ки дар ин олами харобобод
Хушо касе, ки дар ин олами харобобод,
Асоси зулм фиканду биноӣ дод ниҳод!
Тавонгаре, ки дари хайр бар фақирон баст,
Даре зи олами боло бар рӯйи он накушод.
Касе, ки ёфт бар аҳволи зердастон даст,
Ба зулм агар наситонад, Худош хайр диҳод.
Биё-биё, ки аз он рафтагон ба ёд орем,
Ки рафтанду аз эшон касе наёрад ёд.
Макун иқомату бунёди хонумон мафиган,
Ки дасти ҳодиса хоҳад фигандан аз бунёд.
Санавбаро, ту чӣ дил бастаӣ ба ҳар шоҳе,
Чу сарв бош, ки аз бори дил шавӣ озод.
Чӣ хуш фитод Ҳилолӣ ба банди хонаи ишқ,
Бар ӯ ғуломин ин хонадон муборак бод.