Лайливу Маҷнун агар мебуд дар даврони ту
Лайливу Маҷнун агар мебуд дар даврони ту,
Ин яке ҳайрони ман мегашту он ҳайрони ту.
Домани худро бикаш имрӯз аз дасти рақиб,
В-арна чун фардо шавад, дасти ману домони ту.
Захми пайкони туро марҳам чаро бояд ниҳод?
Ҳар кӣ марҳам мениҳад, боре ҳам аз пайкони ту.
Кай зи майдони ту бархезам? Ки баъд аз куштанам
Гарди ман ҳам барнахоҳад хост аз майдони ту.
Меҳнати рӯзи қиёмат бар ман осон бигзарад
З-ин уқубатҳо, ки дидам дар шаби ҳиҷрони ту.
Дӣ, ки аз нози итоболуда мекуштӣ маро,
Вой, гар зоҳир намешуд хандаи пинҳони ту.
Дар ғами ҳиҷрон, Ҳилолӣ, сабр кун, тадбир чист?
Ҳеч тадбире надорад дарди бедармони ту.