Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Эй моҳи ману шоҳи сипоҳи ҳама хубон

Эй моҳи ману шоҳи сипоҳи ҳама хубон, Хубон ҳама шоҳанд, ту шоҳи ҳама хубон. Он ҷо, ки ту бар маснади иззат бинишинӣ, Бар бод равад ҳашмату ҷоҳи ҳама хубон. Аз ҳайрати он чашм, ки бе сурма сиёҳ аст, Хун меравад аз чашми сиёҳи ҳама хубон. Суям назаре кун, ки басе хубтар афтад З-он чашм нигоҳи зи нигоҳи ҳама хубон. Хубон чу саросар ҳама дар роҳи ту хоканд, Хок аст сарам бар сари роҳи ҳама хубон. Теғ аз кафи хубон гуноҳе нест ва гар ҳаст, Бар гардани ман бод гуноҳи ҳама хубон. Пурсед, ки он зӯҳрачабин кист? Ҳилолӣ — Хуршеди ҳама оламу моҳи ҳама хубон.