Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дар кӯйи бутон нест касе зортар аз ман

Дар кӯйи бутон нест касе зортар аз ман, Дар пеши азизони ҷаҳон хортар аз ман. Гуфтӣ, ки маро ёри вафодор басе ҳаст, Ҳастанд, вале нест вафодортар аз ман. Гар толиби онӣ, ки ба ёре бинишинӣ, Бинишин, ки туро нест касе ёртар аз ман. Чун ғунча агар синаи тангам бишикофтӣ, Донӣ, ки набудаст дилафгортар аз ман. Халқи ду ҷаҳон аст гирифтори ту, лекин Дар ҳар ду ҷаҳон нест гирифтортар аз ман. Ҷуз ман дигареро саги он кӯй махонед, К-ин мартабаро нест сазовортар аз ман. Имрӯз агар ишқ гуноҳ аст, Ҳилолӣ, Фардо натавон ёфт гуноҳкортар аз ман.