Бархезу ба сарвақти асирон гузаре кун
Бархезу ба сарвақти асирон гузаре кун,
Чашме бикушо, сӯи ғарибон назаре кун.
Эй гиря, биё, дар ғами ҳаҷраш мададе кун,
В-эй нола, бирав, дар дили сахташ асаре кун.
Чун оина ҳар лаҳза ба ҳар кас манамо рӯй,
Зинҳор, ки аз оҳи дили мо ҳазоре кун.
Хун шуд ҷигари халқ, ба дилҳо мазан оташ,
Андеша зи дуди дили хунинҷигаре кун.
Аз баҳри гирифтории мо зулф маёрой,
Мо баста ба домем, ту фикри дигаре кун.
Эй хоҷа, машав сокини бутхонаи сурат,
Берун раву дар олами маънӣ сафаре кун.
Ман бехабарам, гар хабарам нест, Ҳилолӣ,
Аз бехабарии ман ӯро хабаре кун.