Хуш он, ки дар ҳама рӯйи замин ту бошию ман
Хуш он, ки дар ҳама рӯйи замин ту бошию ман,
Ба ҷуз ману ту набошад, ҳамин ту бошию ман.
Баҳор мерасад, оё бувад, ки дар чамане
Нишаста пойи гулу ёсумин, ту бошию ман?
Шудӣ ба боғ, ки он ҷо хуш аст маҷлиси май,
Бале хуш аст, агар ҳамнишин ту бошию ман.
Махон ба ҷилвагаҳи нози худ рақибонро,
Ҳамин бас аст, ки эй нозанин, ту бошию ман.
Хуш аст ҳамсафарӣ бо ту, хоса он вақте
Ки гар ба Рум равам ё ба Чин, ту бошию ман.
Баҳор омаду кушт ин ҳавас зи шавқ маро,
Ки бар канори гулу ёсумин ту бошию ман.
Магӯ, ки умри Ҳилолӣ гузашт бо дигарон,
Аз ин чӣ бок, агар баъд аз ин ту бошию ман.