Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

То ба кай тунд шавӣ баҳри ҷафои дили ман?

То ба кай тунд шавӣ баҳри ҷафои дили ман? Чанд рӯзе ба вафо кӯш барои дили ман. Гар ту медоштӣ ин оташи пинҳон, ки марост, Дили бераҳми ту месӯхт, чӣ ҷои дили ман? Хушдилаллоҳ, ки дилам тарки ту гӯяд ба ҷафо, К-аз ҷафоҳои ту беш аст вафои дили ман. З-он ду гесӯи диловез чӣ имконӣ гурез? Ки ду занҷир ниҳоданд ба пои дили ман. Ҳар табибе, ки хабар дошт зи бемории ишқ, Ғайри васли ту нафармуд давои дили ман. Дил гирифтори балоест, Ҳилолӣ, ки мапурс, Кас гирифтор мабодо ба балои дили ман.