Иди Қурбон шуд, биё, ошиқкушӣ бунёд кун
Иди Қурбон шуд, биё, ошиқкушӣ бунёд кун,
Дармандонро ба марги нав муборакбод кун!
Гуфтӣ: «Дар дини мо расми фаромӯшӣ хатост»,
Чун кунӣ аз мо фаромӯш, ин суханро ёд кун!
Бо ман оғози такаллум кардӣю беҳуд шудам,
То зи аввал бишнавам, бори дигар оғоз кун!
Зинҳор, эй дил, чу он султони хубон даррасад,
Ҳоли моро арза деҳ, гар нашнавад, фарёд кун!
Эй фалак, з-он сангҳо гар нақши Ширин канда шуд,
Гар тавонӣ, зеби рӯйи турбати Фарҳод кун.
Тарки ҷон гуфтему бедодат ҳанӯз охир нашуд,
Охир, эй султони хубон, тарки ин бедод кун!
Эй парипайкар, Ҳилолӣ аз ғамат девона шуд,
Гар навозиш мекунӣ, ӯро ба санге шод кун!