Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дил хун шуд аз умеду нашуд ёр ёри ман

Дил хун шуд аз умеду нашуд ёр ёри ман, Эй вой бар ману дили уммедвори ман. Аз наври рӯзгор чӣ гӯям? Ки дар фироқ Ҳам рӯзи ман сиёҳ шуду ҳам рӯзгори ман. Наздик шуд, ки хонаи умрам шавад хароб, Раҳме бикун, вагарна хароб аст кори ман. З-ин пеш сабр буд диламро қарор низ, Ё Раб, куҷо шуд он ҳама сабру қарори ман? Эй сели ашк, хоки вуҷудам ба об деҳ, То бар дили касе нанишинад ғубори ман. Гуфтӣ: «Бирав, Ҳилолӣ, сабр ихтиёр кун», Ваҳ, чун кунам, ки нест ба даст ихтиёри ман?