Ман хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман
Ман хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки ҷуз ҳавои висоли ту нест дар сари ман.
Ба роҳи ниши ту хокам, тариқи ман ҳамин аст,
Дар ин тариқ набошад касе баробари ман.
Ғами ту дар дили тангам нишасту мунфаъилам,
Ки нест лоиқи ӯ кулбаи муҳаққари ман.
Зи ҷилваи суману сарв дил наёсояд,
Куҷост сарви сиҳиқомату суманбари ман?
Зи турки масти ман, эй зоҳидон, канора кунед,
Ки нест ҳеч мусалмон ҳарифи кофари ман.
Ҳазар кунед, рақибон, зи теғи мижгонам,
Ки дардманду хун мечакад зи ханҷари ман.
Итоб карду ҷафо низ мекунад, ҳайҳот,
Ҳанӯз то чӣ кунад ғолиби ситамгари ман.
Ҳилолӣ, аз майи ишрат маро насибе нест,
Магар ба хуни ҷигар пур кунанд соғари ман.