Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман

Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман, Аз гиря бар сар афтод, эй хок бар сари ман! Лайлӣ куҷову ҳуснат, Маҷнун куҷову ишқам? Не он муқобили ту, не ин баробари ман. Ман монда даст бар сар аз нолаи дили худ, Дил монда пой дар гил аз дидаи тари ман. Хобам чӣ гуна ояд? К-аз чашму дил ҳама шаб Бошад дар обу оташ болину бистари ман. Тоби ҷафо надорам, эй вой, агар аз ин пас Тарки ситам насозад турки ситамгари ман. Эй бод, агар бибинӣ хубони сарвқадро, Арзи ниёзи ман кун бо нозпарвари ман. Ҷуз кунҷи ғам, Ҳилолӣ, ҷойи дигар надорам, Ман подшоҳи ишқам, ин аст кишвари ман.