Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Баҳор мерасад, аммо баҳорро чӣ кунам?

Баҳор мерасад, аммо баҳорро чӣ кунам? Чу нест гулрухи ман, лолазорро чӣ кунам? Ба ихтиёр тавонам, ки роз накшоям, Фиғону нолаи беихтиёрро чӣ кунам? Агарчи рӯйи ту хуршедвор ҷилванамост, Сиёҳрӯйии шабҳои торро чӣ кунам? Қарори ошиқи бедил ба сабр бошаду бас, Чу сабр нест, дили бекарорро чӣ кунам? Ҳилолӣ, ин ҳама ғамро тавон кашид, вале Ғами ғарибию ҳиҷрони ёрро чӣ кунам?