Ёр гуфт: «Аз мо макун қатъи назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Ёр гуфт: «Аз мо макун қатъи назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Қатъан ҳам мабин сӯйи дигар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекун ба дил». Гуфтам: «Ба ҷон!»
Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Бо чашмат бигӯ, то дар миёни мардумон
Сӯйи мо ҳар дам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар бо мо сухан дорӣ, ба чашми дил бигӯ,
То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае,
Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар хоҳӣ ғубори фитна биншинад зи роҳ,
Барфишон обе ба хоки раҳгузар». Гуфтам: «Ба чашм!»
Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор,
Куҳли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!»