Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Зи сӯзи сина кабобам, зи сели дида харобам

Зи сӯзи сина кабобам, зи сели дида харобам, Ту шамъи базми касонӣю ман дар оташу обам. Маро уқубати ҳаҷри ту беҳтар аз ҳама шодист, Ту роҳати дигарон шав, ки ман барои азобам. Ба дигарон манишину ба ҷони ман мазан оташ, Маро масӯз, ки ман худ бар оташи ту кабобам. Агар барои ҳалоки ман аст нозу итобат, Биёву қатл кун эйдун, ки мустақиқи итобам. Саволи бӯса намудам, вале ту лаб накушудӣ, Сухан ба арз расиду дар интизори ҷавобам. Ба гирди рӯйи ту парвонаам, ки шамъи муродӣ, Агар ту рӯй битобӣ, ман аз ту рӯй натобам. Ба қадри хоки раҳ аз ман касе ҳисоб нагирад, Ба кӯйи дӯст, Ҳилолӣ, бибин, ки дар чӣ ҳисобам.