Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Хуш он маҷлис, ки чун рухсорат аз май лолагун бинам

Хуш он маҷлис, ки чун рухсорат аз май лолагун бинам, Туро пеши назар биншонаму пеши ту биншинам. Сухан чун бар забон ронӣ, забони ман зи кор афтод, Забон чун бар лаб орӣ, бар лаб ояд ҷони ширинам. Кашидӣ ханҷару гуфтӣ, ки хоҳам куштанат рӯзе, Маро ин ваъда ҳоҷат нест, ман худ куштаи инам. Қадам чун ранҷа фармудӣ: «Биё, осуда шав бо ман», Ба чашми худ зи пойи нозукат озор барчинам. Маро, эй тифли бадхӯ, аз дари мактаб марон дигар, Ки ҷон бар лаб расида, гӯш бар овози оминам. Хароб афтодаам бар бистари марг аз шаби ҳиҷрон, Агар хоҳӣ, ки бархезам, биё, биншин ба болинам. Маро гуфтӣ: «Ҳилолӣ кист, саргардон ба кӯйи мо?» Гадои мустамандам в-аз дуогӯёни мискинам.