Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ёр бераҳм, ман аз дард ба ҷонам, чӣ кунам?

Ёр бераҳм, ман аз дард ба ҷонам, чӣ кунам? Ман чунин, ёр чунон, оҳ, надонам, чӣ кунам? Меравам гирякунон, наъразанон, синаканон, Масту девонаву расвои ҷаҳонам, чӣ кунам? Бе ту имрӯз ба сад ҳасрату ғам зистаам, Оҳ, агар рӯзи дигар зинда бимонам, чӣ кунам? Бе таҳаммул натавон чорайи ишқи ту, вале Мани бечора таҳаммул натавонам, чӣ кунам? Чанд гӯйӣ, ки Ҳилолӣ, дигар аз дард манол, Ман аз ин дард ба фарёду фиғонам, чӣ кунам?