Оҳам шуниду ранҷа шуд он моҳ, чун кунам?
Оҳам шуниду ранҷа шуд он моҳ, чун кунам?
Дигар намонд ҷойи нафас, оҳ, чун кунам?
Тифл асту шӯху бехабар аз дарди ошиқӣ,
Ӯро зи ҳоли хештан огоҳ чун кунам?
Хоҳам гаҳе ба хотири ӯ бигзарам, вале
Сангиндил аст, дар дили ӯ роҳ чун кунам?
Дар пойи ӯ бимурдаму қадрам нашуд баланд,
Ё Раб, зи дасти ҳиммати кӯтоҳ чун кунам?
Эй бахти ман куҷову таманнои васли ӯ,
Дарвешаму гадо, ҳаваси шоҳ чун кунам?
Гуфтӣ: «Чарост пираҳанат чок ҳамчу гул?»
Бӯйи ту дод боди саҳаргоҳ, чун кунам?
Гӯянд: «Нола чист, Ҳилолӣ, хамӯш бош!»
Бо кӯҳи дарду меҳнати ҷонкоҳ чун кунам?