Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ба хоки ман гузаре кун, чу дар вафои ту мирам

Ба хоки ман гузаре кун, чу дар вафои ту мирам, Ки зинда гардаму бори дигар барои ту мирам. Ниҳодаам зи сари худ як ба як ҳавову ҳавасро, Ҳамин бувад ҳаваси ман, ки дар ҳавои ту мирам. Туӣ, ки ҷони ҷаҳоне фазояд аз лаби лаълат, Манам, ки ҳар нафас аз лаъли ҷонфизои ту мирам. Ба ҳоли маргаму сӯйи ту омадан натавонам, Ту бар сарам қадаме неҳ, ки зери пои ту мирам. Дил аз ҷафои ту хун шуд, раво мадор, ки умре Дам аз вафо занаму охир аз ҷафои ту мирам. Рав, эй рақиб, зи кӯяш, ки тарки ҷон натавонӣ, Ту ҷойи хеш ба ман деҳ, ки ман ба ҷои ту мирам. Маро ба хорӣ аз ин дар марон ба сони Ҳилолӣ, Гузор, то чу сагон бар дари сарои ту мирам.