Рӯзи ид аст, сари роҳгузоре гирем
Рӯзи ид аст, сари роҳгузоре гирем,
Моҳрӯйе ба каф орему каноре гирем.
Шоҳидон даст ба хуни дили мо карда нигор,
Мо дар ин ғам, ки куҷо дасти нигоре гирем?
Гард хоҳам шудану домани он ёр гирам,
То дар ин шева магар домани ёре гирем.
Бекарорему ба манзилгаҳи васл омадаем,
Оҳ, гар чарх нахоҳад, ки қарор е гирем.
Мо ба ҷон сайди саворони камонабруйем,
Кушта гардем, ки фитроки саворе гирем.
Ошиқонем у зи кори ҳама олам фориғ,
Мо на онем, ки ҳаргиз пайи коре гирем.
Ид шуд, хез, Ҳилолӣ, ки ба ишратгаҳи боғ
Ҷоми гулгун зи кафи лолаъузоре гирем.