Гар ба хокам гузарад Юсуфи гулпираҳанам
Гар ба хокам гузарад Юсуфи гулпираҳанам,
Бӯйи пираҳани Юсуф шунаванд аз кафанам.
Ба фироқат ту гирифтортарам рӯз ба рӯз,
Кас ба ин рӯз гирифтор мабодо, ки манам.
Кӯҳи ғам гаштаму ҳар лаҳза канам синаи хеш,
Турфа ҳолест, ки ҳам кӯҳаму ҳам кӯҳканам.
Лаб бубастам зи сухан, эй гули хандон, ки мабод
Мардумон бӯйи ту ёбанд зи ранги суханам.
Ҳар касе дар чамане ҳамнафаси симтанест,
Ману кунҷи ғаму дар сина ҳамон симтанам.
Накунам ёди баҳору наравам сӯи чаман,
Чӣ кунам? Дил накушояд зи баҳору чаманам.
Гар дилам рафт, Ҳилолӣ, зи пайи дӯст, равост,
Дил чӣ бошад, ки агар ҷон биравад, дам назанам.