То умр бувад, дар ҳаваси рӯйи ту бошам
То умр бувад, дар ҳаваси рӯйи ту бошам,
В-ар хок шавам, хоки сари кӯйи ту бошам.
Фардои қиёмат наравам ҷониби тӯбо,
Дар сояи сарви қади дилҷӯйи ту бошам.
Хуш он, ки забон аз пайи дашном барорӣ,
Ман даст бароварда дуогӯйи ту бошам.
Паҳлӯи ту пайваста нишинанд рақибон,
То ман натавонам, ки ба паҳлӯи ту бошам.
Аз ғамзаи ту соҳирӣ омӯзаму он гаҳ
Мӯе шаваму дар хами гесӯйи ту бошам.
Ҳар гаҳ, ки ту аз ноз барӣ даст ба чавгон,
Хоҳам ҳама тан сар шаваму гӯйи ту бошам.
Эй шоҳи гули тоза, манам булбули ин боғ,
Маъзурам агар шефтаи рӯйи ту бошам.
Рӯзе, ки фалак хонд маро номи Ҳилолӣ,
Мехост, ки ман моили абрӯйи ту бошам.