Ман саги ёраму он нест, ки бегона шавам
Ман саги ёраму он нест, ки бегона шавам,
Лек метарсам аз он рӯз, ки девона шавам.
Эй фалак, шамъи шабафрӯзам маро сӯйи ман ор,
То ба гирди сари ӯ гардаму парвона шавам.
Ман ҳамон рӯз, ки афсуни ту дидам, гуфтам,
Ки ба бедории шабҳои ғам афсона шавам.
Аз дари хонақоҳу мадраса корам накушуд,
Баъд аз ин хокнишини дари майхона шавам.
Дар сарам ҳаст, ки чун хок шавад қолиби ман,
Ба ҳавои лаби майгуни ту паймона шавам.
Наргиси масти туро хоби сабуҳ ин ҳама чист?
Хез, то куштаи он наргиси мастона шавам.
Бе маҳи хеш, Ҳилолӣ, чӣ кунам оламро?
Ганҷ чун нест, чаро сокини вайрона шавам?