Ҳар хубие, ки аз ҳама хубон шунидаем
Ҳар хубие, ки аз ҳама хубон шунидаем,
Имрӯз дар шамоили хуби ту дидаем.
Мушкил ҳикоят аст, ки аз моҷарои ишқ
Ҳарфе нагуфтаему суханҳо шунидаем.
Моро ба роҳи ишқи ту орому хоб нест,
Аз бехудист, гар нафасе оромидаем.
Ҳар кас гирифт коми дил аз меваи нишот,
Мо худ зи боғи айш гуле ҳам начидаем.
Риндем, май кашем, ҳамин аст кори мо,
Умре сабӯи маҷлиси риндон кашидаем.
Ҷое расидаем, ки аз худ гузаштаем,
Аз худ гузаштаему ба ҷое расидаем.
Ҳаргиз ба ҷониби моҳи навраст нангарем,
К-аз шавқи абруе чу Ҳилолӣ хамидаем.