Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам

Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам, Боз чун фардо шавад, имрӯзро фардо кунам. Чун маро савдои ту аз рӯзи нахустин дар сар аст, Пас ҳамон беҳтар, ки охир сар дар ин савдо кунам. Эй хушо, к-аз бехудӣ сар ниҳам дар пойи ӯ, Баъд аз он аз шарм натвонам, ки сар боло кунам. Эй ки мегӯйӣ: «Дили гумгаштаи худро биҷӯ», — Ман, ки худ гум гаштаам, ӯро куҷо пайдо кунам? Ман киям, то аз ғуломони ту гӯям хешро? Ман чӣ саг бошам, ки дар хайли сагонат ҷо кунам? Ошиқи мастам, Ҳилолӣ, маҷлиси риндон куҷост? То дилу ҷонро фидои соқии зебо кунам.