Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дӯстон, ошиқаму ошиқи зорам, чӣ кунам?

Дӯстон, ошиқаму ошиқи зорам, чӣ кунам? Чора сабр аст, вале сабр надорам, чӣ кунам? Рехт хуни ҷигар аз гӯшаи чашмам якбор, В-он ҷигаргӯша наёмад ба канорам, чӣ кунам? Эй табиб, ин ҳама захмат макаш у ранҷ мабар, Зор мемирам, агар ҷон насупорам, чӣ кунам? Дардмандон ҳама аз сабр қарорe гиранд, Чун ман аз дарди ту бесабру қарорам, чӣ кунам? Гар чу мурғони хазондида малулам, чӣ аҷаб? Гул намебинаму озурдаи хорам, чӣ кунам? Халқ гӯянд: «Ҳилолӣ, чӣ кунӣ гиряи зор?» Гиря рӯй медиҳад — ошиқи зорам, чӣ кунам?