Дилам ба орзӯи ҷонон намерасад, чӣ кунам?
Дилам ба орзӯи ҷонон намерасад, чӣ кунам?
Ба ҷон расиду ба ҷонон намерасад, чӣ кунам?
Мани заъиф бар онам, ки пираҳан бидарам,
Чу дасти ман ба гиребон намерасад, чӣ кунам?
Висоли ёр муҳол асту ман аз фироқ малул,
Чу ин намераваду он намерасад, чӣ кунам?
Агарчи шоҳи бутон шуд зи рӯйи ҳусн, вале
Ба доди ҳеҷ мусалмон намерасад, чӣ кунам?
Магӯ, ки чанд ҳикоят кунӣ зи қиссаи ҳиҷр,
Чу ин фасона ба поён намерасад, чӣ кунам?
Ҳазор нома навиштам мани гадо, лекин
Яке ба ҳазрати султон намерасад, чӣ кунам?
Ҳадиси шавқи Ҳилолӣ, ки ҳасби ҳоли ман аст,
Ба гӯши он маҳӣ тобон намерасад, чӣ кунам?