Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Мушкил, ки равад доғат ҳаргиз зи дили чокам

Мушкил, ки равад доғат ҳаргиз зи дили чокам, То лола магар рӯзе сар барзанад аз хокам. Ҳар рӯз ба хунрезам оӣ рақиб аз пай, З-он воқеа хушҳолам, з-ин восита ғамнокам. Эй турки шикорафкан, шамшер макаш ба ман, Ё он ки пас аз куштан барбанд ба фитрокам. Ин дида, ки ман дорам, олуда ба хун авло, З-он рӯ, ки намедонӣ қадри назари покам. То чанд Ҳилолиро дар оташи ғам сӯзӣ? Ман одамиям, ё Раб, ё худ хасу хошокам?