Гар ҷафое рафт аз ҷонон, ҷудоӣ чун кунам?
Гар ҷафое рафт аз ҷонон, ҷудоӣ чун кунам?
Ман саги он остонам, бевафоӣ чун кунам?
Баъди умре ошно гаштӣ ба сад хуни ҷигар,
Боз агар бегона гардӣ, ошноӣ чун кунам?
Рафтӣ, у дар меҳнати ҷон канданам андохтӣ,
Гар биёӣ, зинда монам, в-ар наёӣ, чун кунам?
Зоҳидо, аз нақду май беҳуда манъам мекунӣ,
Ман, ки риндӣ карда бошам, порсоӣ чун кунам?
Гуфтаӣ: «То кай Ҳилолӣ зор нолад ҳамчу уд?»
Чун гирифторам ба чангаш, найнавозӣ чун кунам?