Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Ҳарчанд кӣ зинда, дигар бор бимирам.
Ман тоқати нодидани рӯйи ту надорам,
Мапсанд, ки дар ҳасрати дидор бимирам.
Хуршеди ҳаётам ба лаби бом расидаст,
Он беҳ, ки дар он сояи девор бимирам.
Гуфтӣ, ки зи рашки ту ҳалоканд рақибон,
Ман низ бар онам, ки аз ин ор бимирам.
Донам, ки чаро хуни маро зуд нарезӣ,
Хоҳӣ, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам.
Чун ёр ба сарвақти ман афтод, Ҳилолӣ,
Вақт аст, агар дар қадами ёр бимирам.