Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ба сад уммед ҳар дам гирди он девору дар гардам

Ба сад уммед ҳар дам гирди он девору дар гардам, Басе уммедворам, оҳ, гар навмед баргардам. Чӣ ҳусн аст ин, ки аз як диданат девона гардидам? Биё, то бори дигар бинаму девонатар гардам. Чу он маҳ фитна шуд дар шаҳр, ман ҳам оқибат рӯзе Шавам овораву ҳар дам ба саҳрои дигар гардам. Худоро, инчунин зуд аз сари болини ман магзар, Даме биншин, ки бархезам, туро бар гирди сар гардам. Зи ҳар дар к-омадам дар кӯйи ту, ҳамчун сагам рондӣ, Саги кӯйи туам, то чанд, ё Раб, дар ба дар гардам? Хабар мепурсам аз ҷонон, вале ногаҳ агар рӯзе Аз ӯ кас то хабар гӯяд, ман аз худ бехабар гардам. Ҳилолӣ, чун сипаҳ ангехт ишқи он камонабрӯ, Ба майдон ояму тири маломатро сипар гардам.