Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳар шаб ба сари кӯйи ту аз пой дарафтам

Ҳар шаб ба сари кӯйи ту аз пой дарафтам, В-аз шавқи ту оҳе занаму бехабар афтам. Гар бори ғам ин аст, ки ман мекашам аз ту, Биллоҳ, агар кӯҳ шавам, аз камар афтам. Хоҳам назанӣ тиру ба теғам бинавозӣ, То дар дами куштан ба ту наздиктар афтам. Ман боз бар онам, ки ба бӯйи сари зулфат Бархезаму дунболи насими саҳар афтам. Эй шайх, ба меҳроб маро саҷда мафармо, Бигзор, Худоро, ки бар он хоки дар афтам. Гумроҳии ман бин, ки дар ин марҳала ҳар рӯз Аз водии мақсуд ба ҷойи дигар афтам. Селоби сиришк аз мижа бикшод Ҳилолӣ, Мапсанд, ки оғушта ба хуни дигар афтам.