Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Он, ки аз дарди дили худ ба фиғон аст, манам

Он, ки аз дарди дили худ ба фиғон аст, манам, В-он, ки аз зиндагии хеш ба ҷон аст, манам. Он, ки дар ҳусн кунун шуҳраи шаҳр аст, туӣ, В-он, ки дар ишқи ту расвои ҷаҳон аст, манам. Он, ки ҳар рӯз дил аз меҳри бутон баргирад, Чун шавад рӯзи дигар, боз ҳамон аст, манам. Он, ки дар савмаа чил сол шаб оварад ба рӯз, В-ин замон мӯътакифи дайри муғон аст, манам. Дар ғамат гарчи ба якбор парешон шуда дил, Он, ки сад бор парешонтар аз он аст, манам. Ишқбозон ҳама бо ному нишонанд, вале Он, ки дар ишқи ту беномунишон аст, манам. Оқибат ҳамчу Ҳилолӣ шудам афсонаи даҳр, Он, ки ҳар ҷо суханаш вирди забон аст, манам.